Ба ифтихори шомил шудани «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ва бо мақсади арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати либоси тоҷикӣ, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осорхонавӣ таҳти унвони «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар қисмати ифтитоҳи намоиш доир ба мақому манзалати либоси миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он сухан гуфта шуд.
Нусхаи Сертификате, ки ворид шудани «Анъанаи бофтани атласу адрас»-ро ба Феҳристи мероси ғайри моддии башарият ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, барои нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои гуногуни атласу адраси тоҷикӣ, куртаву ҷомаҳои миллии занона бо тарҳу дӯхти зебо ва аксу мусаввараҳое, ки таҷассумгари либоси миллии зан-модари тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон дар маркази намоиш ҷолибтарин осори таърихӣ – дастгоҳи бофандагие, ки ҳунармандон тавассути он тору пудро бо ҳам оварда, атласу адрас мебофтанд, пешниҳоди тамошобин гардонида шуд.