Имсол маротибаи панҷум аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ)-ро бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон ва коршиносони соҳа баргузор менамояд. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 29 июл дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Питчинг 9 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои муаррифишуда давоми 10 рӯзи кории тақвимӣ мавриди баррасию омӯзиши Комиссияи экспертӣ қарор гирифта, ба талаботи филмбардорӣ муносиб интихоб ва ба Шурои бадеӣ пешниҳод мегарданд.
Зимни Питчинг иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуда, барои такмилу беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд.
Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дарёфти филмномаҳо ва истеъдодҳои ҷавон барои тақвияти истеҳсолот ва филмофарӣ мебошад.
Лоиҳаҳои синамоӣ то 29 август қабул карда мешаванд. Баргузории Питчинги навбатӣ 30 августи имсол дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар дошта шудааст.