5 сентябри соли 2024 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.
Омодагии ҳарду ҷониб ҷиҳати дар сатҳи баланд танзим намудани чорабиниҳои муштарак дар самтҳои мухталиф иброз гардид.