Аз 2 то 6 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 25 нафар иштирок мекунад. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон (дар доираи Гранд Слами Тошканд) байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо созишнома ба имзо расид.
Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд. То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 422 варзишгар (227 мард, 195 зан) аз 58 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 25 нафар (17 нафар байни писарон ва 7 нафар байни духтарон) иштирок мекунад.
Дар байни мардҳо Лоиқ Қутбуддинов, Саъдӣ Маҳмадов ва Хайрулло Ғанизода дар вазни то 60 кг, Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров, Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода, Суннатулло Мусоев, ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода, Сомон Кишваров дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд рақобат мекунанд.
Дар байни духтарон Зуҳал Ҷумъаева бо Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан бо Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг, Ҷонона Назарова дар вазни то 63 кг, Виктория Киселева дар вазни +78 кг иштирок мекунанд.
Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.