Масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ СОР 16 ва оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16 дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ СОР 16 аз 21 октябр то 1 ноябри соли 2024 дар шаҳри Калии Колумбия доир мешавад.
Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16 аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Дар мулоқот тарафҳо инчунин даври ниҳоии музокирот оид ба Паймони ҷаҳонии пластикиро баррасӣ намуданд.