РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Иди себ ва ангур баргузор мегардад

28 сентябр дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Иди себ ва ангур баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз кишоварзони мамлакат аз ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилояти Суғду Хатлон навъҳои гуногуни себ ва ангурро  ба намоиш-фурӯш пешниҳод менамоянд. Инчунин намоиши шарбат, афшура ва обмеваҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

Меҳмонону сокинон метавонанд аз ин намоиш навъҳои гуногуни себ ва ангурро бо нархҳои дастрас харидорӣ  намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории иди себ ва ангур  тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши себу ангур ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram