РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф» иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram