16 октябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла натиҷаҳои нишасти вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи С5+1 (ш. Ню-Йорк, 27 сентябри 2024), баррасӣ гардиданд.