РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро ифтитоҳ намуданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи қаннодии «Шоҳасар» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст.

Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 85 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Вобаста ба самарабахшии фаъолият, ҳаҷми истеҳсолот зиёд ва шумораи ҷойҳои корӣ тибқи нақша то соли 2026 то ба 150 нафар расонида мешавад.

Дар 7 хатти истеҳсолии корхонаи «Шоҳасар» 7 намуд маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яки онҳо бо шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ дошта, дорои дизайни зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи маҳсулоти корхона воридотивазкунанда аст.

Корхонаи «Шоҳасар» дар маҷмӯъ аз 5 бино – 2 сехи истеҳсолӣ, анбори ашёи хом, захираи маҳсулот ва маъмурият иборат мебошад.

Корхона ҳамчунин дорои озмоишгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳон ва ошхона бо сад ҷойи нишаст мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки 60 фоизи коргаронро занон ташкил дода, иқтидори истеҳсолии ҷамъияти мазкур дар як сол то 800 тонна маҳсулоти қаннодиро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар ин корхона ва насби таҷҳизоти пешрафта, ки боиси баланд гардидани сифати маҳсулот мебошад, баҳои баланд доданд.

Дар ҳаминҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона, дидан намуданд.

Ҳамчунин соҳибкори ватаниро ба тақвияти фаъолияти корхона ва саҳм гузоштан дар рушди саноати сабук, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.

Тавассути бунёди коргоҳу корхонаҳои нав на танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар мегардад, балки сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин шуда, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram