Имрӯз бахшида ба Рӯзи Театри тоҷик дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамоиш доир мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар шудааст. Бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ соли 1933 ба номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.
Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айëми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ëфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон ва тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комëбиҳои эҷодӣ, бурду бохти соҳа ва нақшаҳои оянда ибрози ақида менамоянд.
Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.
Дар назар аст, ки имрӯз дар ҳамоиш порчаҳои ҷолибу рангоранг аз намоишҳои театрӣ манзури тамошобинон гардонида шаванд.