РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ  баргузор мегарданд

Аз 22 то 26 ноябр дар шаҳри Сиктивкари Ҷумҳурии Комии  Федератсияи Русия Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Гуфта шудааст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» — донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат (Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ) муаррифӣ менамоянд.
Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар мавзуи «Ҳамкории фарҳангии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» Форуми байналмилалӣ низ доир шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram