22 ноябр дар ҳошияи чорабиниҳои нақшавии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин ҳамкории байнипарламентии ду давлатро баррасӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона, ҳамкории созанда ва эътимодбахши дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон афзалияти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин зимн, рушди бемайлони ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва тамоили афзоиши устувори нишондиҳандаҳои гардиши мол байни давлатҳо натиҷаи неки талошҳои ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.