12 декабри соли 2024 дар шаҳри Париж даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид. Машваратҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва директори Департаменти Аврупои қитъавӣ Брис Рокфей роҳбарӣ карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни музокирот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак таъкид гардиданд.
Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.