Дар Тоҷикистон се соли охир 167 иншооти фарҳангию фароғатӣ бунёду таъмир шудаанд, иброз гардид, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки аз ҳисоби буҷет айни ҳол сохтмони 14 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла бинои Вазорати фарҳанг ва бинои Театри миллӣ дар Душанбе идома дорад ва ният дорем, онҳоро то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорем.
Ҳамчунин, Сарвари давлат супориш доданд, ки дар тамоми ноҳияҳо мактабҳои мусиқӣ сохта шаванд.
Бояд гуфт, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 396 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад ва ин соҳаи муҳим зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат қарор дорад.