РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт

Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ифтитоҳи ин марказро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд унвон намуданд.

Марказ аз рӯйи самтҳои гуногун фаъолият намуда, дар доираи он таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим гузаронида шуда, таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ҳамзамон дар мавзуъҳои марбут ба иқлим ва пиряхҳо машварат, тренинг ва конфронсҳо ташкил карда мешаванд.

Таъсиси чунин марказ қадами муҳим дар самти ҳифзи табиати мамлакат ва рушди илмҳои экологияю иқлимшиносӣ, тавсеаи ҷараёни илмӣ – таҳқиқотии мушкилоти геоэкологӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигаргуншавии экосистемаҳои табиӣ маҳсуб мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram