РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Сафири Тоҷикистон мулоқот намуд

Дар Айвони Садр – қароргоҳи Президенти Покистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Президенти Покистон саломи гарм ва эҳтироми хосу самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид.

Дар суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду мамлакат баррасӣ шуда, оид ба рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор доир гардид.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баргузор шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram