РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони Шоми ҷавонӣ” доир шуд. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Нахуст, Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”. Ба таъкиди Сарвари давлат ҷавонон ояндасози давлату миллатанд ва ин воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.

Дар идомаи чорабинӣ Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ба сухан баромада, қайд кард, ки ҷавонони имрӯз бояд тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан шаванд, зеро Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор кормандону донишҷӯёни фаъол, истиқоматкунандагони хобгоҳ ва ғолибони мусобиқаҳои варзишии шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишкада Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири болидаруҳии иштирокдорону меҳмонон барномаи консертии иборат аз рақсу сурудҳои ҷаззобу дилошӯб пешниҳод намуданд.

Баъди интиҳои барномаи фарҳангӣ барои истиқоматкунандагони хобгоҳ аз номи як нафар соҳибкори ватандӯсти ватанӣ зиёфати идона ороста шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram