РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Шри-Ланка иштирок мекунанд

Миёни муштзанҳои ҷавон дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка Чемпионати Осиё имрӯз шурӯъ мешавад ва то рӯзи 24-уми май идома меёбад. Имрӯз, 12-уми май рақобатҳо оғоз мешаванд ва рақобатҳои ниҳоӣ рӯзҳои 22 ва 23-юми май доир мегарданд. Дар ин бора сомонаи ТВ «Варзиш» хабар додааст.

Қаҳрамонони ASBC-и наврасони Тоҷикистон, аз қабили Фариноз Абдуллоева ва Билолҷон Иқсанов ба сатҳи қаҳрамонии Осиё бармегарданд, то дар Коломбо унвонҳои нав ба даст оранд.

Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонони то 18 ва ҷавонони то 22-сола дар Шри-Ланка чунин аст. Миёни муштзанҳои то 18 сола Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзод (60 кг), Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (70 кг), Билолҷон Иксанов (54 кг), Зоир Ҳоҷибеков (60 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Алишерхудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг), Рустам Мамадпаноев (86 кг) ва миёни муштзанҳои то 22 сола Фариза Ёқубова (52 кг), Ҳангома Исоева (60 кг), Дилноза Нуримова (63 кг), Муинхӯҷа Муъминов (48 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (67 кг), Муродҷон Ашуралиев (71 кг) баромад мекунанд.

Дар мусобиқа теъдоди умумии муштзанҳо 232 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон, Афғонистон, Австралия, Бангладеш, Камбоҷа, Полинезияи Фаронса, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, Непал, Зеландияи Нав, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Таиланд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Ветнам дар ин чемпионат 23 кишвари ширкаткунанда мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram