1 июли соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин намояндаи доимии навтаъйини Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба муносибати супоридани эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқоти баъд аз маросими супоридани эътимоднома доиргашта муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ С. Мукерҷиро бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати таҳким ва боз ҳам густариш додани муносибатҳои Тоҷикистон бо БРСММ ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбиҳо орзу кард.