РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram