11 июли соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Панҷумин ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои дохилии Остона, Боку, Ереван, Минск, Бишкек, Москва, Ашқобод, Тошканд ва Душанбе ширкат варзиданд.
Дар ин ҳамоиш сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахтҳо, амният дар иншооти ҳаётан муҳими шаҳрӣ, рушди низоми мушоҳидаи видеоӣ, таъмини бехатарӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин таҷрибаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои милитсия дар рафти баргузории чорабиниҳои оммавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.