10 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Директори идории Мақомоти сармоягузории Абузабӣ Шайх Ҳомид ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, бахши хусусӣ ва фондҳои сарвати мустақили Тоҷикистон ва Аморотро таъкид намуданд.
Ҳамзамон ҳавасмандии хешро барои шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, инфрасохтор, технологияҳои пешрафта ва рушди устувор баён карданд.
