Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Он на танҳо иқтисодиётро заиф месозад, балки ба пояҳои ахлоқии ҷомеа ва адолати иҷтимоӣ зарба мезанад. Дар чунин шароит, нақши васоити ахбори омма, бахусус телевизион ва радио, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ ниҳоят муҳим аст.
Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, ки аз лиҳози фарогирии иттилоотӣ ва таъсиргузорӣ ба афкори умум дар сафи пеш қарор доранд, дар тарбияи ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ мақоми махсусро ишғол менамоянд. Ин василаҳои таъсиррасон тавассути пахши барномаҳои омӯзишӣ, таҳлили ҳолатҳои воқеии фасодкорӣ, мусоҳиба бо мутахассисону коршиносони соҳа ва таблиғи қонунгузорӣ имкони ба вуҷуд овардани афкори зиддикоррупсиониро фароҳам месозанд.
Дар солҳои охир, барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ бештар ба масъалаи муқовимат бо коррупсия рӯй овардаанд. Чунин иқдомҳо, пеш аз ҳама, ба боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ равона шудаанд. Масалан, тавассути таҳияи гузоришу барномаҳои таҳлилӣ дар бораи амалҳои ошкоршудаи коррупсионӣ ва шарҳи пайомадҳои он барои ҷомеа ва давлат, шаҳрвандон дар бораи мушкили мазкур маълумот мегиранд. Ин гуна барномаҳо ба бинанда ва шунаванда нишон медиҳанд, ки фасодкорӣ на танҳо ҷиноят аст, балки хиёнат ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад.
Илова бар ин, телевизиону радио бо ҷалби фаъолонаи намояндагони мақомоти мубориза бо фасод, ҳуқуқшиносон, таҳлилгарон ва рӯзноманигорони мустақил муҳитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он мавзуи коррупсия на ҳамчун мавзӯи сиёсӣ ё расмӣ, балки ҳамчун мушкили иҷтимоӣ мавриди баррасии амиқ қарор мегирад. Ҳамин гуногунандешӣ ва иштироки доираҳои дахлдор имкон медиҳад, ки паёмҳои зиддикоррупсионӣ шунавотару таъсирбахш гарданд.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон дар бораи намудҳои коррупсия, усулҳои мубориза ва роҳҳои гузоришдиҳӣ ба мақомоти дахлдор маълумоти кофӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, нақши телевизион ва радио дар пур кардани ин фазои иттилоотӣ хеле бузург аст. Пахши барномаҳо, лавҳаҳои омўзишӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ дар бораи оқибатҳои фасод барои шахс ва ҷомеа, таъсири зиёде ба тарбияи тафаккури шаҳрвандии шунаванда ва бинанда мегузорад.
Бо ташаббуси шабакаҳои давлатӣ барномаҳои муколимавӣ низ роҳандозӣ шудаанд, ки дар он масъалаҳои мубориза бо коррупсия бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони мақомоти расмӣ муҳокима мешаванд. Ин гуна барномаҳо барои рушди озодандешӣ ва ташаккули муҳити ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои фасод мусоидат менамоянд.
Албатта, вазифаи телевизион ва радио танҳо ба ташвиқу тарғиб ва расонидани иттилоот маҳдуд намешавад. Онҳо бояд дар амал ба омили таъсиргузори фарҳанги зиддикоррупсионӣ табдил ёбанд. Яъне, муҳити иттилоотии телевизиону радио бояд бо арзишҳои ошкоргӯӣ, адолат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ пурра гардад.
Бидуни шак, як қисми ин барномаҳо ва иқдомҳо бо ҳамкории мақомот ба роҳ монда мешавад. Аммо бо вуҷуди дастгирии расмӣ, васоити ахбори омма бояд ҳассосияти мустақили худро нисбат ба ҳар гуна амалҳои фасодкорӣ нигоҳ доранд ва аз ҳар навъ худсонсорӣ парҳез кунанд. Танҳо дар чунин ҳолат аст, ки онҳо метавонанд бо ҷуръат ва бо такя ба далелҳо масъалаҳои доғи рӯзро дар ҷомеа баррасӣ кунанд ва ба ҳалли онҳо саҳм гузоранд.
Дар шароити имрӯза, ки ҷомеа рӯ ба ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ овардааст, шабакаҳои телевизион ва радио бояд дар сафи пеши мубориза бо коррупсия қарор дошта бошанд. Тарғиби ахлоқи ҳамидаи давлатӣ, ташвиқи фазои шаффофият, таълими худшиносии ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бояд дар меҳвари сиёсати иттилоотии онҳо қарор гирад.
Коррупсия танҳо бо фишори мақомоти давлатӣ бартараф намешавад. Он танҳо дар муқовимати аҳли ҷомеа решакан мешавад. Ин муҳитро телевизион ва радио, чун “мактаби оммавии маърифат ва тарбияи иҷтимоӣ”, метавонанд ба вуҷуд оваранд. Аз ин рӯ, вазифаи онҳо фақат расонидани хабар нест, балки ташаккули афкори солими ҷамъият ва бедор кардани ҳисси бадбинии умумӣ ба фасодкорист.
Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул ва тасдиқ гардиданд.
Қабул ва тасдиқ гардидани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” як қадами калидӣ дар такмили сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо рӯйхати вазифаҳо, балки як роҳнамои умумии фаъолияти минбаъдаи давлатро дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ муайян мекунад.
Аҳаммияти ин стратегия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он муносибати комплексиро дар мубориза бо коррупсия ба роҳ мемонад: аз баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва шаффофияти идоракунӣ то таҳкими назорати ҷамъиятӣ ва такмили заминаҳои қонунгузорӣ. Ҳуҷҷат бо назардошти меъёрҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия таҳия шуда, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ боло равад ва самаранокии идоракунии давлатӣ беҳтар гардад.
Ин стратегия барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддати миллӣ, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкиму густариши адолати иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад. Бо татбиқи пайвастаи бандҳои он давлат қодир мегардад муҳити идории шаффоф, ҷавобгар ва дар асоси қонун амалкунандаро таъмин намояд, ки ин яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад.
Дар давраи амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.
Мавриди зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Аз ин рӯ, даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намоянд.
Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,
докторанти кафедра матбуоти
факултети журналистикаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
