20 апрел мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) баргузор гардид. Дар ин бора аз агентии мазкур хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкорӣ, хулосаҳои пешакии таҳлилию тадқиқотии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР), инчунин масъалаҳои афзалиятноки рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, такмили фазои соҳибкорӣ ва рушди низоми ҳукумати электронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зеҳни сунъиро ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бахши хусусӣ ва тезонидани рушди устувори иқтисодӣ эътироф менамояд.
Дар навбати худ, намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти анҷомдодашударо муаррифӣ намуда, зимни он ҳам тамоюлҳои мусбат, аз ҷумла афзоиши таваҷҷуҳи субъектҳои соҳибкорӣ ба раванди рақамикунонӣ ва ҳам мушкилоти мавҷуда, аз қабили маҳдудияти дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ, норасоии малакаҳои рақамӣ ва зарурати таҳкими минбаъдаи инфрасохтор таъкид намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дастрасӣ ба инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахши хусусӣ ва тақвияти корҳои иттилоотӣ барои ҷалби соҳибкорон ба барномаҳои давлатии рақамикунонӣ сурат гирифт.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи таҳкими ҳамкорӣ ва рушди механизмҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисоди миллӣ тасдиқ намуданд.