РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии суръати интернети собит боло рафт

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии суръати интернети собит (ноқилӣ) пешрафти назаррас нишон додааст. Тибқи маълумоти нави Speedtest Global Index барои моҳи марти соли 2026, кишвар мавқеи худро беҳтар намуда, миёни 153 давлати ҷаҳон ба зинаи 117-ум баромад, ки нисбат ба моҳи гузашта чор зина болоравӣ мебошад.

Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки суръати миёнаи боргирӣ (download) дар Тоҷикистон ба 45,10 Мбит/с ва суръати боргузорӣ (upload) ба 38,30 Мбит/с расидааст. Ин натиҷа баландтарин нишондиҳандаи бадастомада барои кишвар дар панҷ соли охир арзёбӣ мегардад.

Дар раддабандии ҷаҳонӣ кишварҳои пешсаф ҳамоно мавқеи худро ҳифз намудаанд: Сингапур бо суръати миёнаи 425,46 Мбит/с дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар пайи он Аморати Муттаҳидаи Араб бо 384,51 Мбит/с ва Ҳонконг бо 352,40 Мбит/с ҷой гирифтаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram