27 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳо (диаспораи)-и Ҷумҳурии Сейшел Барри Фор, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, доир шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, сайёҳӣ ва обу иқлим баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо инчунин ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.