РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қабули дархостҳо барои иштирок дар фестивали байналмилалии филми мустанади «Аврусиё.DOC» оғоз гардид

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади таъмини иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии филми мустанади «Аврусиё.DOC» қабули дархостҳоро барои интихоби филмҳо эълон намуд.

Фестивали мазкур аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Мински Ҷумҳурии Беларус ва Смоленски Федератсияи Россия баргузор гардида, беҳтарин филмҳои мустанад барои дарёфти ҷоизаҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба иштирок дар озмун филмсозон, студияҳои филмсозӣ, муассисаҳои эҷодӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва муаллифони мустақил даъват карда мешаванд.

Талабот ба филмҳо:

  • Филм бояд дар жанри мустанад таҳия гардида бошад;
  • Давомнокии он аз 4 дақиқа зиёд набошад;
  • Мавзӯи филм бояд ба яке аз самтҳои асосии фестивал мувофиқат намояд;
  • Сифати техникӣ ва муҳтавои филм бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад;
  • Риояи ҳуқуқи муаллиф ҳатмӣ мебошад.

Мавзӯъҳои асосии фестивал:

  • 85-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мероси таърихии он;
  • Нақши зан дар ҷомеа (филмҳои портретӣ);
  • Равандҳои муҳими иҷтимоӣ ва таърихии фазои Аврусиё;
  • Арзишҳои миллӣ: таърих, фарҳанг ва анъанаҳо;
  • Муносибатҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти замон.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ариза барои иштирок;
  • Маълумотномаи мухтасар оид ба филм;
  • Маълумоти техникӣ ва эҷодӣ;
  • Нусхаи филм (электронӣ);
  • Маълумот дар бораи муаллиф ё гурӯҳи эҷодӣ.

Қайд мегардад, ки филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи махсуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баррасӣ шуда, беҳтаринҳо барои намояндагии Тоҷикистон ба фестивал пешниҳод мегарданд.

Муҳлати ниҳоии қабули филмҳо: 1 сентябри соли 2026.

Барои маълумоти иловагӣ:
Телефон: 977993388
Почтаи электронӣ: info@tojikfilm.tj, tajikfilm@gmail.com
Сомона: www.tojikfilm.tj

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram