РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд

8-9 август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб  баргузор мегарданд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 8 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод баргузор мешаванд.

9 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод, дар Боғи кӯдакон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб ва дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Рӯзи фарҳанги шаҳри Роғун доир мегардад.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, аз моҳи июн то августи соли 2026 тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram