Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросим намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии озмун, ҳайати ҳакамон, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва иштирокчиёни даври шаҳрӣ ҳузур доштанд.
Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок менамоянд. Аз ин шумора 3 ҳазору 584 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 нафар донишҷӯён, 38 нафар магистранту аспирант, 385 нафар омӯзгорон ва 104 нафар намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Шумораи занону духтарон дар ин давр 3 ҳазору 625 нафарро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки ба маҳорати ҳар иштирокчӣ бояд танҳо дар доираи талаботи Низомномаи озмун баҳо дода шуда, натиҷаи меҳнати довталабон холисона ва воқеъбинона арзёбӣ гардад.
Дар озмун барои иштироки тоҷикону форсизабонони бурунмарзӣ ба тариқи маҷозӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад дар назди Вазорати маориф ва илм комиссияи баҳодиҳӣ ташкил шуда, тартиби иштирок ва ҳуҷҷатҳои марбут ба озмун дар сомонаи вазорат ҷойгир карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор гардида, ҳамасола дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок менамоянд.