РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ шуд

13 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Эдмондо Чириелли, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи хоса ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди сайёҳӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Италия изҳор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram