РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Садоқат ба ватан»

Бахшида ба 35-солагии таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ китоби наве зери унвони “Садоқат ба ватан” нашр гардид.

Дар ин бора аз Шӯрои мазкур ба радиои «Тоҷикистон» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ дар он оид ба таъсисёбӣ ва фаъолияти пурсамари Шӯро сухан меравад.

Дар китоб маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941 – 1945, ки баъд аз ҷанг дар ободонии ҷумҳури фаъолона иштирок намуданд, дар бораи раисону фаъолони шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи мамлакат, баъзе аз вазорату идораҳо низ дода шудааст.

Тибқи иттилои дастрасгардида китоб аз 310 саҳифа иборат буда, дар ҳаҷми 300 нусха аз ҷониби нашриёти “Шарқи озод” ба чоп расидааст.

Парвина Самандарзода

радиои «Тоҷикистон»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram