Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, азхудкунии имкониятҳои нави технологияи иттилоотӣ ва ба ифтихори иди касбии омӯзгорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба муассисаҳои таълимии ноҳия беш аз 120 таҷҳизоти муосири хониш, аз қабили тахтаҳои электронӣ – 34 адад, проекторҳои мултимедиявӣ – 34 адад, ноутбуки нави замонавӣ – 34 адад, компютер – 30 адад ва мизу курсӣ барои 800 ҷойи нишаст тақдим карда шуд. Дар бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни тақсимот Раиси ноҳия Аъзам Ализода изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти хониш аз масъалаҳои муҳими соҳа мебошад.
Раиси ноҳия ҳамчунин бо мақсади беҳтар нигоҳдоштани биноҳои муассисаҳои таълимӣ зикр намуд, ки бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳу саховатпеша беш аз 10 ҳазор адад шифер барои нав кардани болопӯши мактабҳо харидорӣ шуда, рӯзҳои наздик тақсимоти он низ оғоз гардида, боми ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия нав карда мешавад.
Директорони мактабҳо аз ин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хоса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ташаббусҳои созандаи роҳбарияти ноҳия ва кумаку дастгириҳои молии соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.