РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: бо номи «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» ҳамоиш баргузор шуд

14 октябр дар толори бинои марказии донишгоҳ бо ибтикори ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва садорати факултети филологияи донишгоҳ маҳфили адабиву фарҳангӣ бо номи «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маҳфил сафири фавқулодда ва томулихтиёри ҶИЭ Муҳаммадтақии Собирӣ ва дигар аҳли фарҳангу адаби Эрон ширкат намуданд.

«Сафир халқи тоҷикро бародар ва хешованди куҳан ва наздики халқи Эрон гуфт. Хушнудиву қаноатмандии сафир буд, ки дӯстиву равобити ду халқи ҳамнажод тавсиа ефта истодааст»- навиштааст манбаъ.

Дар маҳфил инчунин адабиётшинос С. Эмомалӣ, Б.Мақсудов, М.Назриқул, А.Юлдошев ва дигарон сухан гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram