14 октябри соли 2022 бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз- заминаи рушди босуботи кишвар» дар толори Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавии Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии тантанавии мазкур Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Ҷумъа Давлатов- директори Агентии хизмати давлатӣ, Зайнура Азимӣ- муовини Раиси вилояти Суғд, Рафиқа Мусоева- собиқадори хизмати давлатӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва Гулафзо Савриддинова- собиқадори хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар чорабинии мазкур 350 нафар хизматчиёни давлатии ниҳодҳои давлатии ҳудуди вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи таърихӣ, меҳмонони даъватӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ вобаста ба аҳамияти баргузории ин ҷаласаи таърихӣ, аҳамияти он ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлоли давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат суханронӣ намуданд.