РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси шаҳри Бусан Пак Ҳёнг-ҷун мулоқот намуд

25 октябр дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси шаҳри Бусан Пак Ҳёнг-ҷун баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни мақомоти марбутаи ҳарду кишвар, таҷрибаи мудирияти шаҳрдорӣ ва барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 25 октябр дар шаҳри Бусан Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram