Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар бораи дастгирии татбиқи Ҳадафи 4 дар соҳаи рушди устувор (Таъмини таҳсилоти фарогир ва боадолатона ва ҳавасмандгардонии имконияти таълим дар тӯли тамоми ҳаёт барои ҳама) ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти мазкурро Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва иҷрокунандаи вазифаи Мудири минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато Магнус Магнуссон ба имзо расониданд.
Зимни имзои Ёддошт таъкид гардид, ки ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст, ки барои такмили ҳамкорӣ дар самти маориф ва татбиқи Ҳадафи 4-уми Рушди Устувор Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур доираи ҳамкорӣ миёни ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи муштараки Стратегияи миллии рушди маориф барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор 4 – Рӯзномаи «Маориф 2030» муайян менамояд.