РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон: Рӯзи кормандони милитсия таҷлил гардид

8 ноябр ба муносибати таҷлил аз рӯзи милитсияи тоҷик дар театри вилояти ба номи М. Назаров чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят генерал лейтнанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир гардид. Дар ин бора аз ИҲД — и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар доданд.

Ҷамъомади тантанавиро Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ифтитоҳ намуда бо ин саҳнаи муҳим тамоми кормандони милитсияро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ табрику таҳният намуд, иброз дошт, ки Рӯзи милитсияи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳими сиёсӣ «30 солагии- Иҷлосияи тақдирсози миллат рост омад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми ҳайати шахсӣ ва кормандони милитсияро ба рӯзи касбиашон табрик намуда, зикр дошт, боиси қайд аст, ки имсол таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик бо ҷашни фархундаи миллӣ, 30 –солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва табиист, ки ин Иҷлосия дар баробари таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барои рушд ва такомули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бо амри тақдир ва интихоби дурусти вакилони Иҷлосия, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар дӯш гирифт ва таҳти сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи ин шахсияти таърихӣ дар он солҳои душвору сангин давлати тозаистиқлоли мо аз парокандагӣ эмин монд. Аз баракату самараи Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ Тоҷикистон аз як кишвари қафомонда ба давлати пешрафтаю обод табдил ёфт.

Дар зарфи 31 — соли Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар, хоса Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҷдиди инфрасохтори замонавӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия ва тарбияи ватандӯстии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар интиҳои чорабини як зумра кормандони фаъоли мақомоти қудратии милитсия барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Шоён» , Сипоснома, Ифтихорномаи Раиси вилоят ва Ифтихорномаи сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд. . Ҳамзамон аз ҷониби прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Орифзода Парвиз Рустам ба Сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тӯҳфаи хотиравӣ ва як зумра кормандони милитсия бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд .Барномаи рангини консерти бо иштироки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram