10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.
Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 оғоз шуда, бо ҷалби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер — сириус» мутобиқ ба талаботи замон ба анҷом расонида шуд.
Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази мазкур 13 ҳуҷра барои бистарӣ кардани беморон бо 40 кат мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 100 нафар ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шаванд.
Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронида мешавад.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми буғӣ ва хушк, ошхона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ҷойгир аст.
Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои ташхиси рентгенӣ, ултрасадо, табобати дандон, сабти барқии дил, физиотерапевтӣ, озмоишгоҳи биохимиявӣ ва вирусологӣ ва ҳуҷраи кории табибон сохта шудаанд.
Дар ошёнаи сеюм шуъбаи муолиҷавӣ бо 24 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, эҳёгарӣ бо 8 кати хоб ва 2 ҳуҷраи табобати баъдиҷарроҳӣ бо 8 кати хоб мавҷуданд.
16 хонаи якҳуҷрагии истиқоматӣ барои табибону кормандон дар ошёнаи 4 — уми бино ҷойгир мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар маркази ташхисию табобатӣ ба корҳои анҷомёфта баҳои хуб дода, ба табибон маслиҳат доданд, ки бо истифодаи васеъ аз имконияти ин марказ ба сокинон хизмати босифату саривақтии тиббӣ расонанд.