Аз 14 то 18 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Таъбири ишқ» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад. Дар ин бора Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов хабар доданд.
Ҳунармандони театри мазкур 14 ноябр дар ноҳияи Дарвоз, 15 ноябр дар ноҳияи Ванҷ, 16 ноябр дар Рӯшон, 17 ноябр дар ноҳияи Шуғнон ва 18 ноябр дар шаҳри Хоруғ намоиши мазкурро пешкаш мегардонанд.
Намоиши «Таъбири ишқ» аз рӯи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоири классики тоҷик Низомии Ганҷавӣ ва ҳикояҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯи саҳна оварда шудааст.