Субҳи имрӯз, 24 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар роҳпаймоӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолон ширкат доштанд.
Иштирокчиён дар даст шиору парчамҳо аз минтақаи терминали Бохтар роҳпаймоиро оғоз намуда, то майдони Парчами давлатӣ давом доданд.