РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд

Аз 21-уми ноябр то 27-уми ноябр дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагӣ доир гардид.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Ашқобод бо барномаи ҷолибу рангини гурӯҳҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикисон, ки дар он садҳо нафар меҳмонон, аз ҷумла намояндагони воломақоми Туркманистон, корпусҳои дипломатии муқими он кишвар, адибону ҳунармандон, сокинони шаҳри Ашқобод ва тоҷикони муқими Туркманистон ширкат намуда, аз санъати баланди ҳунармандони тоҷик ғизои маънавӣ гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 24-25-уми ноябр дар кинотеатри бошукӯҳи Ашқобод намоиши филмҳои ҳунарии истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Рақси зиндагӣ» (коргардон Муҳаббат Сатторӣ) ва «Охирин сайди Сайёд» (коргардон Муҳаммадабӣ Исмоилов) ба намоиш гузошта шуд. Дар намоиши филмҳои мазкур садҳо нафар коршиносон, алоқамандони соҳаи синамо, аз ҷумлаи ҳунармандони театр ва кино, коргардонҳо ва сокинони шаҳри Ашқобод иштирок намуда, дар анҷоми ҳар як намоиш бо таасуроти зиёд ба ҳунари таҳиягарони тоҷик баҳои баланд доданд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикстон дар шаҳри Ашқобод намоиши аксу мусаввараҳои рассомону аксбардорони тоҷик, намунаи ҳунарҳои дастии тоҷикон ва намоиши сару либоси миллӣ доир гардида, дар шаҳри Марии Туркманистон бо барномаи рангини муштараки ҳунармандони тоҷику туркман Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом пазируфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram