Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дустӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қурбонов густариш бахшидани робитаҳои фарҳангии ду кишвар, таҳияи Нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳамкорӣ барои соли 2023-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мардуми ду кишварро таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва анъанаҳои чандинасраи неки ҳамсоядорӣ ба ҳам мепайванданд. Ин ҳамгироӣ заминаи мустаҳкам ва усули асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ташкил мекунад. Равобити дӯстонаи мутақобил дар ин муддат рӯ ба рушд ниҳодаву бо қадамҳои дилпурона ва амалҳои мушаххаси тарафайн ғанӣ мегарданд.
Гуфтугӯҳои ошкоро ва холисонае, ки дар сатҳҳои олӣ роҳандозӣ шудааст, барои густариши ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст. Дар навбати худ, равобити фарҳангию башардӯстона ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ вобаста ба 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳфилҳои зиёди муштараки фарҳангӣ дар қаламрави ду кишвар, аз қабили консетрҳо, намоишгоҳҳои рассомон, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.
Дар идомаи суҳбат Сафир А. Раҳмонзода барои дастгириҳои ҳамаҷониба ба марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Рустам Қурбоновро сипосгузорӣ намуд.
Ҳамчунин Раиси Кумита Р. Қурбонов барои ҳамкориҳои Сафорат ва фаъолона иштирок намудани Роҳбарият ва кормандони Намояндагӣ дар чорабиноҳои фарҳангии Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ кард.