РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба анҷом расид

Дирӯз, 30 ноябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Хотиррасон мекунем, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram