РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” ду агрегати нав харидорӣ мешавад

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва дар ниҳоят зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” ду агрегати нав харидорӣ карда хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 2 декабр зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳи обкашӣ маълумот дода шуд.

Пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 8 таҷҳизоти асосии обкашӣ мебошад. Тавассути пойгоҳ қисми зиёди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоил обёрӣ гардида, барои таъмиру омодасозии он ба мавсими киштукор ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад. Соли ҷорӣ барои таъмини муназзами заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ барои ин пойгоҳи обкашӣ ду агрегати нав харидорӣ ва дастрас гардида буд.

Бояд таъкид кард, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 33 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо то 22 000 гектар замин обёрӣ мешавад. Мутахассисони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия айни замон талош доранд, ки тамоми пойгоҳҳои обкашии ноҳияро ба мавсими нав омода намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram