РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди UNESCAP Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезияро дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати истифодаи имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram