Бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ҳадяи китобҳои зиёде аз ҷониби пайвандони профессори зиндаед Асадулло Саъдуллоев дар факултети журналистика «Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев» таъсис ефт. Дар ин бора аз факултети журналистикаи ДМТ хабар доданд.
Дар расми кушодашавии он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, деканҳои факултаҳои филология Сироҷиддини Эмомалӣ, забонҳои Осиё ва Аврупо Рустамхон Шодиев, филологияи рус Ғафур Муҳаммадов, ҳайати устодону шогирдони факултети журналистика ва мактаби илмии профессор Асадулло Саъдуллоев ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ Маркази мазкур бо навтарин технологияи аудиовизуаалӣ ва дигар технологияи компютерӣ барои таҳқиқу тадрис имконоти зиёдро фароҳам меорад. Ин Марказ дорои 40 — 50 ҷои нишаст буда, зиёда аз 1200 адабиёти илмиву бадеии соҳаро фаро гирифтааст. Аз ҷониби фарзандони А.Саъдуллоев зиёда аз 350 номгӯи адабиёти гуногун ва дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 китоб ба ин марказ оварда шудааст.
Профессор Асадулло Саъдуллоев 22-юми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Фаъолияти омӯзгории профессор Асадулло Саъдуллоев дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 1980 оғоз гардида, то охири умраш идома ёфтааст. Соли 1978 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Замони муосир ва проблемаҳои публитсистикаи советии тоҷик (публитсистикаи Мирзо Турсунзода)» муваффақона ҳимоя мекунад.
Соли 1996 дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи жанрҳои насри мустанади тоҷик (солҳои 1960-1980)» рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.
Соли 1998 бо қарори Вазорати маълумоти умумӣ ва касбии Федератсияи Русия ба ӯ аттестати аввалин профессори тоҷик дар риштаи телевизион ва радиоро дода мешавад.
Муаллифи беш аз 50 асар ва 1000 маводи публитсистӣ. Намунаи осорашон «Дарё равон аст» (1985), «Публитсистикаи Мирзо Турсунзода» (1988), «Агар сухан коргар шавад» (1992), «Бомдоди шубоб» (1994), «Хосияти адабиёт» (2000). Жанрҳои журналистикаи радио (2005), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2008), «Эссе» (2010), «Муаммои назарияи публитсистика» (2015) ва ғайра мебошад.