РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Пас аз чанда лаҳза дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд. иттилоъ медиҳад мухбири радиои «Фарҳанг» Зеваршоҳ Уктамшоҳзода аз макони баргузории маросим.

Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16 декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Мувофиқи низомномаи озмун, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне рақобат карда метавонанд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз панҷ номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи низомнома, ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram