МИЗОНИ АНДЕША БО ЗЕВАРШОҲИ УКТАМШОҲ // Даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Артиши миллӣ Дар барномаи навбатии “Мизони андеша”, мавзӯи суҳбати мо доир ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз 3-юми сентябри соли 2022-юм фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №451, дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ба тасвиб расида буд. Саннаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, Вазорати мудофиаи кишвар расман хабар доданд, ки даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022-юм дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид. Ба хотири огоҳ гардидан аз шароит ва буду боши сарбозон, хосатан наваскарон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, дар мувофиқа бо маркази матбуоти Вазорати мудофиа имкон пайдо намуда суҳбат ва шиносоӣ доштем бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 08010-и Вазорати мудофиа. Табиист, ки бо ворид гардидан ба қисми ҳарбӣ тартибу интизоми низомӣ хосатан ҳаракатҳои сарбозон дар назди афсарону роҳбарон диққати моро ҷалб намуд. Тавре иттилоъ доданд, қисми ҳарбии 08010-и Вазорати мудофиа қисми ҳарбии таълимӣ буда ба сарбозон идора намудан ва коргирифта бо техникаву таҷҳизоти махсус омӯзонида мешвад. Қабули наваскарон ва рухсатёфтани љавононе, ки давраи хизмати њарбиро ба анљом мерасонаанд, кори сањлу содда набуда, аз роњбарияти ќисму воњидњои ќуввањои мусаллањ, масъулияти зиёдро талаб мекунад. Ҷаман Шарифова лейтинант, дастурдиҳанда оиди кор бо ҷавонон дар қисми ҳарбии мазкур мегўяд: барои ќабул ва љобаљогузории наваскарон дар қисми ҳарбӣ корњои омодагї ба роњ монда мешавад. Ва бо ворид гардидани наваскарон, сарбозони собиқадор, яъне нафароне, ки давраи наваскариро паси сар намудаанд ба наваскарон вазифаву уҳдадориҳои наваскариро меомӯзонанд Ҷавонон – сарбозоне, ки пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба сафи Қувваҳоии мусаллаҳ мепайвандан. Нисбат ба хизмати ҳарбӣ маълумоти кофӣ доранд. Баробари оғоз намудани хизмати ҳарбӣ ба уҳдадориҳои гуногун муфаззаф мегарданд. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Дар масими навбати, ки ҳоло ин маърака ба итмом расид, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори миннатдорӣ менамояд. Ин матлаб дар хабари расмии Вазорати мудофиаи дарҷ гардидааст. Воқеан, таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Олии мамлакат нисбат ба ҷавонон, меҳру муҳаббати ин қишри ҷомеаро нисбат ба Модар-Ватан афзун намуд. Майлу рағбати онҳоро баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва хосатан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ бештар гардонид. Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри ҳар шаҳрванди ватандуст ҳам қарзасту ҳам ифтихор. Зеро хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама мактаби бузургест ба обу тоби шахс, матонату мардонагӣ ва ҳамзамон пайвандгарӣ минтақаҳои гугогуни кишвар. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ватандустро мебояд баҳри ҳифзи меҳани худ ва сулҳу суботи абадӣ дар кишвар, софдилона ва садоқатмандона қарзи шаҳрвандии худро ба поён расонад. Бо барномаҳои радиои дӯстдоштании хеш, радиои “Фарҳанг” бошед!