РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.

Таъмини рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкории байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид карданд.

Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.

Дар рафти суҳбат Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Арабистони Саудӣ миннатдории хешро барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram