Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 январ то 14 январи соли равон бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард бидуни зарурати таъҷилӣ аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намуда, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
«Волидайн бачаҳоро беназарат нагузоранд. Фасли сармо, ки боиси сирояти ҳар гуна бемориҳо мебошад, шаҳрвандон нисбат ба саломатии худ ва наздикон набояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намоянд», — омадааст дар иттилоияи кумита.
Хотиррасон менамоем, ки 11-14 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии ҷумҳурӣ дамои ҳаво шабона 8-13 то 14-19 сард ва рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво аз 11-1 ё 6 то 19-24 дараҷа паст шуда, дамои рӯзона аз 5-10 то 12-17 дараҷа хоҳад буд.
10 январ ва шаби 11 январ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ағбаҳо барфи пуршиддат меборад, дар роҳҳои мошингард хатари яхбандӣ вуҷуд дорад. 10-11 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад.
10-12 январ обуҳавошиносон лағзиши тармаро дар қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ мекунанд.
14-16 январ дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ коҳиш меёбад ва то ба 32-37 дараҷа сард мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб ҳаво то -50 дараҷа сард хоҳад шуд.